17.01.2013
Қурбҳои миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме афзуданд
Қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ҳафтаи ҷорӣ нисбатан муътадил буда, дар доираи 4,8580 - 4,8770 сомонӣ тағйир меёфт.
Дар ин рӯзҳо қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме афзуда, мувофиқан ба 0,1576-0,1587 ва 6,3269-6,3491 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 17 январ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8580-4,8775 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8600-4,8700 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8600-4,8760 сомониро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ