Дар бозори дохилӣ қурбҳои асъори хориҷӣ каме коҳиш ёфтанд

Бойгонии ахбор
28.02.2013

Дар бозори дохилӣ қурбҳои асъори хориҷӣ каме коҳиш ёфтанд

    Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ қурби миёнаи долл. ИМА тайи ҳафтаи ҷорӣ каме коҳиш ёфта дар сатҳи 4,8410 - 4,8590 сомонӣ қарор гирифт.
    Дар ҷараёни гузаронидани амалиётҳои додугирифт қурби миёнаи рубли русӣ ва евро низ андак паст шуда, мувофиқан ба 0,1576-0,1586 ва 6,3505-6,3740 сомонӣ баробар шуданд.
    Имрӯз, 28 феврал қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 4,8400-4,8585 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 4,8500-4,8600 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 4,8500-4,8600 сомонӣ баробар шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку