Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ нисбатан муътадил буданд

Бойгонии ахбор
28.02.2013

Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ нисбатан муътадил буданд

    Раванди рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар моҳи январи соли 2013 дар сатҳи нисбатан муътадил қарор дошт. Ҳаҷми ММД дар ин давра ба 2,1 млрд. сомонӣ баробар шуда, суръати рушди воқеии он 7,1 фоизро ташкил намуд. Рушди муътадил дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз қабили, гардиши савдои чакана - 12,2 фоиз, хизматрасонӣ - 9,4 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ - 6,3 фоиз ва маҳсулоти саноатӣ - 5,0 фоиз ба қайд гирифта шуд.
    Сатҳи таваррум дар моҳи ҳисоботӣ раванди муътадилро нигоҳ дошта, 0,5 фоизро ташкил намуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли қаблӣ ҳамагӣ 0,1 банди фоизӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи мазкур дар маҷмуъ аз ҳисоби болоравии нархҳои хизматрасонии пулакӣ 1,7 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ 0,4 фоиз ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,2 фоиз ба миён омад.    
    Ҳамзамон, сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 6,5 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,2 банди фоизӣ кам мебошад.
    Тибқи таҳлилҳои мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон сатҳи таварруми аслӣ 0,16 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,33 банди фоизӣ кам мебошад.
     Чун моҳҳои пешин сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ба нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, рушди боэътидоли ҳаҷми пул, таъмини фаъолияти солим ва устувори низоми бонкии кишвар равона гардид. Дар ин давра бинобар муътадил будани вазъи иқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар меъёри бозтамвил ва меъёри захираҳои ҳатмӣ бетағйир нигоҳ дошта шуданд. Дар баробари ин, меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, вобаста ба пастшавии фоизи миёнаи қарзҳои байнибонкӣ аз 18,0 фоиз то 16,3 фоиз коҳиш ёфт.
    Бо мақсади нигоҳ доштани устувории низоми бонкии кишвар ва таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, дар моҳи ҳисоботӣ ба бонкҳои ватанӣ 180,3 млн. сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат пешниҳод карда шуд. Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии барномаи монетарӣ ба ҳисоб меравад, дар интиҳои моҳи ҳисоботӣ 4,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи январи соли гузашта 17,3 фоиз зиёд мебошад. Афзоиши мазкур бештар аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми пулҳои нақд дар муомилот ба амал омад.
    Татбиқи сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо истифодаи босамари воситаҳои он дар доираи салоҳияти худ ба роҳ мондааст, барои рушди боэътидоли ҳаҷми пул дар муомилот ва муътадилии қурби пули миллӣ ҳамчун омили муҳими рушди иқтисодиёт равона карда шудааст.

Департаменти сиёсати пулӣ

Возврат к списку