Пулҳои коғазии арзиши 20, 50 ва 100 сомонӣ бо унсури ҳимоявии лазерӣ ба муомилот бароварда мешаванд

Бойгонии ахбор
04.03.2013

Пулҳои коғазии арзиши 20, 50 ва 100 сомонӣ бо унсури ҳимоявии лазерӣ ба муомилот бароварда мешаванд

    Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади пурзур намудани унсурҳои ҳимоявии пулҳои коғазӣ бо қарори навбатии худ аз 5 марти соли равон пулҳои коғазии арзишашон 20, 50 ва 100 сомониро, ки дорои унсури ҳимоявии нав мебошанд, ба муомилот мебарорад.

 

    Дар пулҳои коғазии номбурда, ки бо унсури ҳимоявии лазерӣ муҷаҳҳаз мебошанд, се адади охири рақами силсилавии пул дар рӯи навори кинеграмма бо тарзи лазерӣ чоп шудаанд, ба чашми оддӣ намоён гардида, ҳангоми ламс кардани ададҳои мазкур барҷастагӣ эҳсос карда мешавад.


 
    Пулҳои коғазии дорои унсури ҳимоявии лазерӣ бо арзиши 20, 50 ва 100 сомонӣ дар қатори пулҳои ҳамарзиши намунаи соли 1999, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.



Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку