Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме паст шуданд

Бойгонии ахбор
07.03.2013

Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме паст шуданд

    Қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ тайи ҳафтаи равон нисбатан устувор боқӣ монда, дар ҳудуди 4,8415 - 4,8595 сомонӣ қарор гирифт.
    Вале дар ин давра қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме паст шуда, мувофиқан ба 0,1569-0,1576 ва 6,2946-6,3169 сомонӣ баробар шуданд.
    Имрӯз, 7 март қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 4,8390-4,8590 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 4,8500-4,8600 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 4,8500-4,8600 сомонӣ баробар шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку