Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро нисбатан устувор боқӣ монданд

Бойгонии ахбор
14.03.2013

Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро нисбатан устувор боқӣ монданд

    Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ин ҳафта қурби миёнаи долл. ИМА дар атрофи 4,8431 - 4,8600 сомонӣ тағйир меёфт.
    Дар ин миён қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро нисбатан устувор боқӣ монда, мувофиқан ба 0,1564-0,1573 ва 6,2950-6,3179 сомонӣ баробар шуданд.
    14 марти соли равон қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8420-4,8600 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8500-4,8600 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8500-4,8600 сомониро ташкил доданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку