28.03.2013
Қурбҳои миёнаи асъори хориҷӣ каме паст шуданд
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи оламшумул дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби миёнаи долл. ИМА тамоюли пастшавиро дошта, дар ҳудуди 4,8480-4,8570 сомонӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин дар ин давра, қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ каме поин фаромада, мувофиқан ба 0,1558-0,1568 ва 6,2423-6,2657 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, яъне 28 март қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8450-4,8650 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8500-4,8600 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8500-4,8600 сомониро ташкил доданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ