04.04.2013
Қурби миёнаи долл. ИМА каме баланд шуд
Дар давоми ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна 4,8511 - 4,8691 сомониро ташкил намуд.
Вале дар ин давра қурби миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро андаке поин рафта, мувофиқан ба 0,1544-0,1554 ва 6,2062-6,2305 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 4 апрел қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8500-4,8700 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8550-4,8700 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8500-4,8600 сомониро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ