Озмун барои таҳсил дар ш. Москва

Бойгонии ахбор
10.04.2013

Озмун барои таҳсил дар ш. Москва

     Ба таваҷҷуҳи хатмкунандагони мактабҳои (литсейҳо, гимназияҳо) таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази байналхалқии таълимӣ-методӣ ва мониторинги молиявии шаҳри Москва (МУМЦФМ) барои дохил шудан ба Донишкадаи амнияти молиявӣ ва иқтисодии Донишгоҳи миллии тадқиқоти ядроии Москва (МИФИ) аз рӯи ихтисоси «Амнияти иттилоотии сохторҳои молиявӣ ва иқтисодӣ» (2-ҷой) барои соли хониши 2013-2014 ОЗМУН эълон менамояд.

ШАРТҲОИ ОЗМУН:

     1. Довталабон барои супоридани имтиҳонҳо дар шаҳри Москва танҳо баъд аз гузаштани суҳбати пешакӣ бо тарзи конфронси видеоӣ бо муаллимони Донишкадаи номбурда аз фанҳои имтиҳонӣ роҳ дода мешаванд;
    2. Довталабон бояд аз фанҳои матемамика, физика, забони давлатӣ ва русӣ дониши амиқ ва баҳои «аъло» дошта бошанд;
        3. Довталабон бояд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд;
     4. Довталабоне, ки ба Донишкада дохил мешаванд, уҳдадоранд баъди хатми Донишкада ба Тоҷикистон баргашта, на камтар аз 5-сол дар Бонки миллии Тоҷикистон кор кунанд.

     Барои иштирок дар ОЗМУН ба Комиссияи Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

     1. Пурсишнома (анкета) бояд аз тарафи довталаб шахсан бо даст пур карда шавад (замима мегардад)
       2. Нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ
       3. Ду дона расм (3х4)

     Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 15 апрели соли 2013.

     Суроға: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107а, Бонки миллии Тоҷикистон, Идораи кормандон. Телефонҳо барои тамос: (44) 600-32-14; (44) 600-32-32
Факс: ( 44) 600-32-31
Нишонии почтаи электронӣ: m_aminov@nbt.tj

Хадамоти матбуоти
БМТ

Нусхаи пурсишнома (анкета)-ро лутфан аз ин ҷо дарёфт намоед:

Возврат к списку