19.04.2013
Воридоти мол коҳиш ёфт
Мувофиқи иттилои Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, ҳаҷми содироти мол дар семоҳаи аввали соли равон 361,8 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 33,6 млн. долл. ИМА ва ё 10,2 фоиз зиёд мебошад.
Дар баробари ин, ҳаҷми воридот дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ маблағи 838,1 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 8,6 фоиз ва ё 79,2 млн. долл. ИМА коҳиш ёфт.
Хадамоти матбуоти
БМТ