Рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ нисбатан муътадил мебошанд

Бойгонии ахбор
23.04.2013

Рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ нисбатан муътадил мебошанд

    Раванди рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли 2013 дар сатҳи нисбатан муътадил қарор дошт. Ҳаҷми ММД дар ин давра ба 6,7 млрд. сомонӣ баробар шуда, суръати рушди воқеии он 7,3 фоизро ташкил намуд. Рушди муътадил дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз ҷумла, дар соҳаи сохтмон - 13,3 фоиз, гардиши савдои чакана - 11,8 фоиз, хизматрасонӣ - 10,0 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ - 7,6 фоиз ва маҳсулоти саноатӣ - 5,5 фоиз ба қайд гирифта шуд.
    Сатҳи таваррум дар давраи ҳисоботӣ 1,2 фоизро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ бетағйир монд. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои хизматрасонии пулакӣ - 3,5 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ - 1,1 фоиз ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ - 0,6 фоиз фоиз ба миён омад.
    Ҳамзамон, сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 6,5 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 банди фоизӣ зиёд мебошад.
    Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таварруми аслӣ дар ин давра 0,2 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,0 банди фоизӣ кам мебошад. Таварруми аслии солона бошад, дар ин давра ба 1,5 фоиз расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 2,8 банди фоизӣ кам мебошад.
    Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ сиёсати пулию қарзиро баҳри иҷрои сатҳи пешбинишудаи пулҳои захиравӣ, муътадилии ҳаҷми пул дар муомилот ва таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ равона намуд. Аз ин лиҳоз, бинобар муътадил будани вазъи иқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар меъёри бозтамвил дар сатҳи 6,5 фоиз ва меъёри захираҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ дар сатҳи 5,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ дар сатҳи 7,0 фоиз бетағйир нигоҳ дошта шуд.
    Бо мақсади нигоҳ доштани устувории низоми бонкии кишвар ва таъмини ҳолати пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ ба бонкҳои ватанӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат пешниҳод карда шуд.
    Ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии барномавӣ ба ҳисоб меравад, ба ҳолати 31 марти соли 2013 маблағи 4,4 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 15,1 фоиз афзуд.
   Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи сиёсати мутавозуни пулию қарзиро бо истифодаи босамари воситаҳои он ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот ва мусоидат намудан ба ҷараёни рушди устувори иқтисодиёт дар кишвар равона месозад.

Департаменти сиёсати пулӣ

Возврат к списку