25.04.2013
Пасандозҳои шахсони воқеӣ зиёд шуданд
Афзудани пасандозҳо аз баланд шудани эътимод ва боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад. Дар ин кор, фаъолияти босамари ташкилотҳои қарзӣ ва кафолате, ки Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон пешниҳод менамояд, нақши калон мебозад.
Бақияи пасандозҳо дар охири моҳи марти соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,6 фоиз афзун гашт.
Тавре таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, 35,6 фоиз ё 1’769,7 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,4 фоиз ё 3’205,6 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳад.
Дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,12 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 9,88 фоизи солонаро ташкил намуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ