Талабот ба қарзҳои хурд қонеъ мегарданд

Бойгонии ахбор
26.04.2013

Талабот ба қарзҳои хурд қонеъ мегарданд

     Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти низоми бонкии мамлакат нишон дод, ки бақияи умумии қарзҳо дар семоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,3 фоиз зиёд мебошад. Таҳлили таркиби бақияи қарзҳо нишон дод, ки 64,5 фоиз ё 3, 7 млрд. сомониро қарзҳои кутоҳмуддат ва 35,5 фоиз ё 2 4 млрд. сомониро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 25,99 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 25,50 фоизи солонаро ташкил доданд.
    Бинобар сабаби зиёд гардидани талабот ба қарз, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда 49,9 фоиз афзоиш ёфт. Аз ин маблағ 205,2 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,4 фоиз зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку