02.05.2013
Пастшавии қурби долл. ИМА мушоҳида гардид
Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар давоми ҳафта қурби долл. ИМА андаке паст шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8770 - 4,8950 сомонӣ қарор гирифт.
Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме баланд шуда, мувофиқан ба 0,1547-0,1556 ва 6,3071-6,3304 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 2 май қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8710-4,8910 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8700-4,8800 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8700-4,8900 сомониро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ