16.05.2013
Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро андаке паст шуданд
Тайи ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА бетағӣир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8690 - 4,8869 сомонӣ қарор гирифт.
Дар ин миён, қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро андаке паст шуда, мувофиқан ба 0,1539-0,1549 ва 6,3073-6,3300 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 16 май қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8690-4,8840 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8700-4,8800 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8700-4,8800 сомониро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ