Қурбҳои миёнаи асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ каме паст шуданд

Бойгонии ахбор
23.05.2013

Қурбҳои миёнаи асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ каме паст шуданд

    Дар давоми ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ каме паст шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8690 - 4,8850 сомонӣ қарор гирифт.
    Ҳамчунин дар ин рӯзҳо, қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ, андаке паст шуданд ва мувофиқан ба 0,1538-0,1548 ва 6,2831-6,3057 сомонӣ баробар шуданд.
    Имрӯз бошад, вазъи қурби миёнаи долл. ИМА ба таври зайл аст: дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8690-4,8840 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8700-4,8800 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8600-4,8700 сомониро ташкил дод.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку