30.05.2013
Пасандозҳои шахсони воқеӣ 64,2 фоизро ташкил доданд
Тамоюли зиёдшавии бақияи пасандозҳо дар интиҳои апрели соли равон бомаром идома дорад ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,6 фоиз афзуд. Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо дар ин давра нишон дод, ки 35,8 фоиз (1’791,8 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,2 фоиз (3’ 214,4 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил намуданд.
Фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ бо пули миллӣ ба 14,81 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 10,26 фоизи солона баробар шуданд.
Хадамоти матбуоти
БМТ