Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро андаке паст шуданд

Бойгонии ахбор
30.05.2013

Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро андаке паст шуданд

   Ҳафтаи равон қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8680 - 4,8850 сомонӣ қарор гирифт.
     Дар ин миён, қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро андаке паст шуда, мувофиқан ба 0,1540-0,1550 ва 6,2760-6,2990 сомонӣ баробар шуданд.
    Қурби миёнаи долл. ИМА имрӯз, 30 май дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8690-4,8840 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8675-4,8775 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8700-4,8800 сомониро ташкил дод.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку