БМТ ширкатҳои мобилиро водор сохт, ки нархгузории хизматрасониашонро бо пули миллӣ анҷом диҳанд

Бойгонии ахбор
31.05.2013

БМТ ширкатҳои мобилиро водор сохт, ки нархгузории хизматрасониашонро бо пули миллӣ анҷом диҳанд

    Ҳафтаи гузашта ширкатҳои мобилии ҷумҳурӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма ва бевосита ба муштариёни худ эълон карданд, ки аз 1 июни соли равон нархгузории хизматрасонии худро бо пули миллӣ анҷом хоҳанд дод.
    Ин тасмими ширкатҳои мобилӣ ҷиҳати иҷрои талаботи қонунгузорӣ гирифта шудааст, ки тибқи онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ нишон додани тамоми нархномаҳо, тарифҳо ва воҳидҳо бо асъори хориҷӣ ё воҳидҳои шартӣ қатъиян мамнуъ буда, бояд танҳо бо сомонӣ ифода ёбанд.
    Ин қадам яке аз чораҳои навбатие мебошад, ки дар маҷмуъ барои таъмин намудани мақоми истисноии пули миллӣ дар ҷомеъа равона шудааст. Алҳол пас аз гузариши пурра ба истифодаи пули миллӣ дар низоми мактабҳои олӣ ва таҳсилоти умумӣ, чорабиниҳои ба иҷрои Ҳаҷ алоқаманд татбиқи иқдоми мазкур тадриҷан дар соҳаҳои дигари иқтисодиёт ба инобат гирифта шудааст.
    Барои муштариён бо пули миллӣ ифода ёфтани тарифҳо ва бақияи маблағҳо таъсири тағийрёбии қурби асъорро аз байн бурда, ба соддатар шудани муҳосибаи хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ мусоидат менамояд. 
    Бонки миллии Тоҷикистон иқдоми ширкатҳои мобилиро истиқбол ва дастгирӣ намуда, аз тамоми воҳидҳои хоҷагидорӣ, масъулони мақомоту идораҳо ва шаҳрвандон даъват менамояд, ки ҳангоми истифодаи асъори хориҷӣ талаботи қонунгузориро риоя кунанд ва эҳтироми пули миллиро, ки яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба шумор меравад, дар мадди аввал гузоранд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку