Қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор каме коҳиш ёфтанд

Бойгонии ахбор
06.06.2013

Қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор каме коҳиш ёфтанд

    Қурби долл. ИМА дар давоми ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ каме паст шуда, ба ҳисоби миёна дар атрофи 4,8620 - 4,8800 сомонӣ қарор гирифт.
     Дар ин давра қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ андаке паст шуда, мувофиқан ба 0,1513-0,1523 ва 6,2800-6,3010 сомонӣ баробар шуданд.
     6 июни соли ҷорӣ қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8600-4,8800 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8625-4,8725 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8600-4,8800 сомониро ташкил намуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку