20.06.2013
Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро андаке баланд шуданд
Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар давоми ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА бетағйир боқӣ монд ва ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8610 - 4,8790 сомонӣ қарор гирифт.
Дар ин давра қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро андаке баланд шуда, мувофикан ба 0,1505 - 0,1515 ва 6,3580 - 6,3610 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 20 июн қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8600-4,8800 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8625-4,8775 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8700-4,8800 сомониро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ