Бақияи амонатҳо 14,7 фоиз афзуд

Бойгонии ахбор
24.06.2013

Бақияи амонатҳо 14,7 фоиз афзуд

    Раванди устувор ва муътадили зиёд шудани пасандозҳои мардум дар бонкҳои ҷумҳурӣ давом дорад ва бақияи амонатҳо дар охири моҳи майи соли равон назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 14,7 фоиз афзуд. Мушоҳида ва омӯзиши таркиби нишондиҳандаи номбурда нишон доданд, ки 35,7 фоиз (1’807,4 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,3 фоиз ё 3’260,4 млн. сомонӣ амонатҳои шахсони воқеӣ ташкил намуданд.
    Дар панҷ моҳи соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ ба 15,38 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 10,61 фоизи солона баробар шуданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку