28.06.2013
Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро андаке паст шуданд
Ҳафтаи равон қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8680 - 4,8850 сомонӣ қарор гирифт.
Дар ин муддат қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро андаке паст шуда, мувофикан ба 0,1473 - 0,1483 ва 6,3470 - 6,3690 сомонӣ баробар шуд.
Имрӯз, 28 июн қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8690-4,8890 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8725-4,8875 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8700-4,8900 сомониро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ