Меъёри бозтамвил ба андозаи 0,4 банди фоизӣ паст карда шуд

Бойгонии ахбор
09.07.2013

Меъёри бозтамвил ба андозаи 0,4 банди фоизӣ паст карда шуд

    Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ меъёри бозтамвилро ба андозаи 0,4 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 6,1 фоизи солона муқаррар намуд.
    Тағйироти мазкур бо назардошти кам гардидани фишорҳои таваррумӣ ва таъсири омилҳои берунӣ ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва бо ин роҳ паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ ворид карда шудааст.
    Қобили қайд аст, ки маротибаи охир меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон 15 августи соли гузашта ба андозаи 0,3 банди фоизӣ паст карда шуда буд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку