25.07.2013
Қурби долл. ИМА бетағӣир боқӣ монд
Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА ҳафтаи ҷорӣ бетағӣир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8780 - 4,8970 сомонӣ қарор гирифт.
Дар ин миён қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро каме баланд шуда, мувофикан ба 0,1492 - 0,1502 ва 6,3475 - 6,3665 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8780-4,8980 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8800-4,8900 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8800-4,9000 сомониро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ