Қурби долл. ИМА ҳафтаи ҷорӣ бетағйир боқӣ монд

Бойгонии ахбор
01.08.2013

Қурби долл. ИМА ҳафтаи ҷорӣ бетағйир боқӣ монд

    Дар давоми ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъорӣ шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бетағӣир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8790 -4,8970 сомонӣ қарор гирифт.
    Вале дар ин рӯзҳо қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ андаке паст гардида, ба 0,1477 - 0,1487 сомонӣ баробар шуд, бо евро бошад, каме баланд шуда, 6,3720 - 6,3945 сомониро ташкил дод.
   Имрӯз, 1 август қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 4,8790-4,8990 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 4,8825-4,8925 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 4,8800-4,9000 сомонӣ баробар шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку