Қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори нақдина

Бойгонии ахбор
09.08.2013

Қурбҳои асъори хориҷӣ дар бозори нақдина

    Қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъорӣ шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар давоми ҳафта андаке паст шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди аз 4,8760 то 4,8900 сомонӣ қарор гирифт.
    Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ низ каме паст шуда, ба 0,1470 - 0,1480 сомонӣ, ва бо евро бошад, каме баланд шуда, ба 6,3770 - 6,3985 сомонӣ баробар шуд.
    Имрӯз, 9 август қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 4,8700-4,8900 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 4,8750-4,8850 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 4,8800-4,8900 сомонӣ баробар шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку