Қурбҳои миёнаи долл. ИМА ва рубли русӣ андаке паст шуданд

Бойгонии ахбор
15.08.2013

Қурбҳои миёнаи долл. ИМА ва рубли русӣ андаке паст шуданд

    Қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар давоми ҳафта андаке паст шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди аз 4,8730 то 4,8900 сомонӣ қарор гирифт.
    Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ низ каме паст шуда, ба 0,1465 - 0,1475 сомонӣ, ва бо евро бошад, каме баланд шуда, ба 6,3930 - 6,4160 сомонӣ баробар шуд.
    Имрӯз, 15 август қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 4,8750-4,8950 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 4,8800-4,8900 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 4,8800-4,8900 сомонӣ баробар шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку