Мулоқот бо намояндагони БАТИ

Бойгонии ахбор
21.08.2013

Мулоқот бо намояндагони БАТИ

    Имрӯз, 21 август дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти раиси бонк Абдуҷаббор Ширинов бо ҷаноби Масар Хонма - мудири Бонки Аврупоии таҷдид ва инкишоф (БАТИ) оид ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаноби Улф Хиндстром, роҳбари намояндагии БАТИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
   Дар вохӯрӣ ва суҳбати ҷолиб ҷонибҳо дар мавриди вазифа ва масъалаҳои рӯзмарраи низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории минбаъда дар ин соҳа табодули назар намуданд.
    Ҳамчунин, зимни мулоқоти судманд ҷаноби Масар Хонма, Мудири Бонки Аврупоии таҷдид ва инкишоф оид ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ изҳор дошт, ки роҳбарияти бонк барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилаи муфид дар ҷодаи рушди бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ зоҳир намуда истодааст.
    Мулоқот дар доираи ҳусни тафоҳуми тарафҳо анҷом ёфт.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку