Лоиҳаи масъалаҳои тағйирёбии иқлим муҳокима шуд

Бойгонии ахбор
23.08.2013

Лоиҳаи масъалаҳои тағйирёбии иқлим муҳокима шуд

    Дар мулоқоте, ки имрӯз, 23 августи соли равон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо намояндаи «Ассотсиатсияи Эй-Би-Ти» –и ИМА ҷаноби Манмоҳан Рипрай анҷом дод, масъалаҳои татбиқи қисмати «Пурқувват намудани иқтидори мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим», ки дар чорчӯбаи Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аз ҷониби Бонки осиёии рушд оғоз шудааст, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
    Дар рафти суҳбат мавзӯи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо Бонки миллии Тоҷикистон, низоми бонки мамлакат ва саҳми онҳо дар татбиқи саривақтӣ ва босифати барномаи номбурда баррасӣ гардиданд.
    Ҷаноби Манмоҳан Рипрай, ки ҳамзамон мушовири байналхалқӣ оид ба масъалаҳои молия ва савдои лоиҳаи зикршуда ба шумор меравад, изҳор дошт, ки бо мақсади оғози татбиқи лоиҳа бо роҳбарон ва намояндагони як қатор вазорату ташкилотҳои ҷумҳурӣ вохӯрию мулоқотҳоро анҷом додааст.
    Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки ҳадафи ин қисмати барнома тақвият ва пурзур намудани иқтидори илмӣ ва амалии вазорату идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар ҷодаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба шумор меравад.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку