01.10.2013
Озмуни интихоби ширкати аудиторӣ идома дорад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон озмун барои интихоби ширкати аудиторӣ ҷиҳати гузаронидани аудити берунии фаъолияти бонк барои соли молиявие, ки 31 декабри соли 2013 анҷом меёбад, идома дорад.
Барои иштирок дар озмун ширкатҳои аудиторӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намоянд:
а) дархости иштирок дар озмун, ки бо имзои роҳбари ширкат ва мӯҳри он тасдиқ шудааст;
б) маҷмӯи зерини ҳуҷҷатҳо:
- нусхаи тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои
таъсисии ширкати аудиторӣ бо назардошти тағйироту иловаҳо;
- тавозуни муҳосиботӣ ва ҳисобот дар бораи фоидаву зиёни
ширкати аудиторӣ дар санаи ҳисоботии охирин;
- лоиҳаи шартнома бо зикри арзиши подош (ҳаққи хизмат), нақша ва
мӯҳлати гузаронидани аудит, усули гузаронидани аудит.
Нархи гузаронидани аудит бояд нархи ниҳоӣ буда, андозҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда ва хароҷоти дигарро дарбар бигирад.
Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 31 октябри соли 2013 муқаррар мешавад.
Аз ширкатҳои аудиторие, ки барои иштирок дар озмун таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки дархостҳои худро ба шахси масъули зерин ирсол намоянд:
Холиқов Бӯстоналӣ,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003,
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А,
Бонки миллии Тоҷикистон,
Департаменти аудити дохилӣ,
тел.: + (992) 44 600 31 40, + (992) 44 600 32 37,
е-mail: b_kholiqov@nbt.tj
Хадамоти матбуоти
БМТ