03.10.2013
Қурби доллари ИМА боз каме поин рафт
Ҳафтаи ҷорӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ қурби долл. ИМА боз каме поин рафта, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8790 - 4,8970 сомонӣ қарор гирифт.
Дар баробари ин, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бе тағйир боқӣ монда, мувофиқан 0,1500-0,1505 сомонӣ ва 6,4805-6,4940 сомониро ташкил доданд.
Рӯзи сеюми моҳи октябр, қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 4,8800-4,9000 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 4,8800-4,8900 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 4,8800-4,8900 сомонӣ баробар шуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ