30.10.2013
Афзоиши ҳаҷми пасандозҳо
Бақияи пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии мамлакат дар интиҳои сентябри соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 фоиз афзуд. Таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо аз 1’926,9 млн. сомонӣ ё 36,2 фоиз пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 3’395,1 млн. сомонӣ ё 63,8 фоиз пасандозҳои шахсони воқеӣ иборат мебошад.
Фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ бо пули миллӣ ба 15,67 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 11,34 фоизи солона баробар шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,22 фоиз ва 2,05 фоиз паст мебошад.
Хадамоти матбуоти
БМТ