31.10.2013
Қурбҳои миёнаи рубли русӣ каме паст ва евро баланд шуданд
Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ҳафтаи равон қурби долл. ИМА андаке баланд шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8840 - 4,8980 сомонӣ қарор гирифт.
Қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ каме паст ва бо евро бошад баланд гардиданд ва мутаносибан ба 0,1510 - 0,1520 ва 6,5920 - 6,6130 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 31 октябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8840-4,8990 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,8838-4,9015 сомонӣ ва ш. Қурғонеппа ба 4,8900-4,9000 сомониро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ