Вохӯрӣ бо намояндагони “Коммерсбонк”

Бойгонии ахбор
05.11.2013

Вохӯрӣ бо намояндагони “Коммерсбонк”

    Масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар вохӯрии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҷаноби А.Ширинов ва ҷаноби Кристофор Метсе, аъзои Шӯрои иҷроияи Коммерсбонк АГ (Олмон), ки рӯзи 4 ноябр баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
    Дар ҷараёни вохӯрии расмӣ тарафҳо аз сатҳи ҳамкориҳои самаровар изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ барои инкишоф ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.
    Коммерсбонк АГ яке аз бонкҳои калонтарин дар Аврупо ба шумор рафта, фаъолияти худро аз соли 1870 оғоз бахшидааст ва дар бештари хизматрасониҳои бонкӣ ва молиявӣ мавқеи пешбарро ишғол менамояд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку