07.11.2013
Ғолиби озмун оид ба интихоби аудитори берунӣ муайян гардид
Комиссияи озмун оид ба интихоби ширкати аудиторӣ ҷиҳати гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2013 кори худро анҷом дод.
Аз рӯи натиҷаҳои озмун, Ширкати аудитории «Эрнст энд Янг Форд Родс Сидет Ҳайдер» - узви Ширкати байналмилалии аудитории «Эрнст энд Янг Глобал» ғолиб дониста шуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ