07.11.2013
Қурби долл. ИМА тағйир ёфт
Дар давоми ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме тағйир ёфта, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8830-4,8990 сомонӣ қарор гирифт.
Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ бошад каме паст фаромада, ба 0,1480 - 0,1490 ва бо евро бошад ба 6,4560 - 6,4800 сомонӣ баробар шуд.
Имрӯз, 7-уми ноябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,8900-4,9070 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,9100-4,9200 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,8900-4,9100 сомониро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ