14.11.2013
Қурбҳои миёнаи долл. ИМА ва евро каме баланд шуданд
Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ҳафтаи равон қурби долл. ИМА афзуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,9059-4,9237 сомонӣ қарор гирифт.
Қурби миёнаи амалиёт бо рубли русӣ бетағйир монда, 0,1488 - 0,1498 сомониро ташкил намуд, қурби евро бошад, каме баланд шуда, ба 6,5277 - 6,5512 сомонӣ баробар шуд.
Имрӯз, 14-уми ноябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,9080-4,9260 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,9200-4,9300 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,9100-4,9300 сомониро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ