Бойгонии ахбор
28.11.2013

Қурбҳои асъори хориҷӣ ҳафтаи равон каме коҳиш ёфтанд

    Дар нуқтаҳои мубодилаи асъорӣ ҷумҳурӣ ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА каме паст шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,9195-4,9376 сомонӣ қарор гирифт.
    Ҳамчунин дар ин рӯзҳо, қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ андаке паст фаромада, мувофиқан ба 0,1488-0,1498 ва 6,5270-6,5486 сомонӣ баробар шуд.
    Имрӯз, 28-уми ноябр қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,9250-4,9347 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,9300-4,9400 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,9200-4,9400 сомониро ташкил намуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку