12.12.2013
Қурби миёнаи долл. ИМА боз паст шуд
Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ дар давоми ҳафтаи ҷорӣ қурби долл. ИМА каме паст шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,9190-4,9360 сомонӣ қарор гирифт.
Дар ин давра қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ бе тағйир боқӣ монда, 0,1487-0,1497сомонӣро ташкил намуд, бо евро бошад, каме баланд шуда ба 6,6123-6,6361 сомонӣ баробар шуд.
Имрӯз, 12 декабр қурби миёнаи долл. ИМА боз паст шуда дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 4,9205-4,9337 сомонӣ, ш. Хуҷанд 4,9000-4,9100 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа 4,9200-4,9300 сомониро ташкил дод.
Хадамоти матбуоти
БМТ