24.12.2013
Талаботи аҳолӣ ба маблағҳои қарзӣ қонеъ мегардад
Ҷамъбасти нишондиҳандаҳои моҳи ноябри соли равон нишон дод, ки бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 44,5 фоиз зиёд шуданд.
Дар маҷмуъ 3’042,8 млн. сомонӣ қарзҳо ба пули миллӣ ва 4’386,4 млн. сомонӣ ба асъори хориҷӣ рост меоянд,ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 51,7 фоиз ва 39,9 фоиз зиёд шудаанд.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли равон фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ 24,07 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,39 фоизи солонаро ташкил намуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ