Камбудиҳои ба хизматгузориҳои банкоматҳо алоқаманд бартараф шуданд

Бойгонии ахбор
10.01.2014

Камбудиҳои ба хизматгузориҳои банкоматҳо алоқаманд бартараф шуданд

    Ҳафтаи гузашта ба телефони боварӣ, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият дорад, аз тарафи шаҳрвандон чанд шикоят ва пешниҳод ворид гардид.
    Аз ҷумла, шаҳрвандони шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа ва Кӯлоб оид ба кор накардани банкоматҳои бонкҳои ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», БДА «Амонатбонк», мавҷуд набудани пули нақд ва пеш омадани мушкилот ҳангоми гирифтани маблағ дар онҳо шикоят намуданд.
    Дар ҳамкорӣ бо кормандони масъули бонкҳои хизматгузор масъалаҳои ба миён омада бо андешидани чораҳои фаврӣ ҳал гардиданд. Тавре маълум гардид, банкоматҳои мазкур бинобар сабаби қатъ шудани барқ ва нуқсони техникӣ муваққатан аз фаъолият бозмонда буданд, бо кӯшишҳои муштараки масъулин дар муддати аз як то якуним соат дубора фаъол гардонида шуданд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку