31.01.2014
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок барпо шуд
29 январи соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок баргузор гардид. Дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд ширкат варзиданд.
Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои такмили қонунгузорӣ ва тарҳи умумии сохтори бозори такрории қоғазҳои қиматнокро муҳокима намуданд.
Ба нақша гирифта шуд, ки аъзои гурӯҳи корӣ хулосаҳои худро оид ба ин масъала дар кӯтоҳтарин муҳлат барои ҷамъбаст манзур менамоянд.
Хадамоти матбуоти
БМТ