03.02.2014
Роҳҳои зиёд намудани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ муҳокима гардиданд
Дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба андешидани чораҳо ҷиҳати коҳиш додани муомилоти пули нақд дар амалиётҳои тиҷоратӣ, хариду фурӯши маҳсулот ва хизматгузорӣ, ки 31 январи соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, роҳҳои ба таври васеъ истифода бурдани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ муҳокима гардиданд.
Ҳозирин вобаста ба ин масъала тадбирҳои васеъ намудани ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро тавассути картаҳои пардохтии бонкӣ, истифодаи моделҳои имконпазири бонкдории мобилӣ, ки аз ҷониби намояндагони вазорату кумитаҳо ва ташкилотҳои масъул пешниҳод гардида буданд, мавриди омӯзиш қарор доданд.
Тасмим гирифта шуд, ки лоиҳаи санади меъёрӣ оид ба тадбирҳои васеъ намудани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути қартаҳои пардохтии бонкӣ, ки таҳияи он идома дорад, бо назардошти тағийру иловаҳои пешниҳодшуда пурра ва такмил дода шавад.
Хадамоти матбуоти
БМТ