Масъалаҳои ҳалталаб баррасӣ гардиданд

Бойгонии ахбор
05.02.2014

Масъалаҳои ҳалталаб баррасӣ гардиданд

    Имрӯз, 5 феврали соли равон машварати роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо раисони бонкҳо, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Бюрои қарзӣ, Хазинаи суғуртаи амонати шахсони воқеӣ ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Вазъи низоми бонкӣ дар соли 2013 ва вазифаҳо барои соли 2014» баргузор гардид.
   Дар ҷараёни мулоқоти озоду самаровар Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов қайд намуд, ки дар соли гузашта сармояи маҷмӯии ташкилотҳои қарзӣ, ҳаҷми пасандозҳо ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар бонкҳо ба андозаи назаррас афзун гаштааст.
    Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон диққати аҳли нишастро ба чанд масъалаи муҳими низоми бонкӣ, аз қабили ба роҳ мондани фаъолияти хуби нуқтаҳои мубодилаи асъор, ҳамкории ташкилотҳои қарзӣ бо Бюрои қарзӣ ва истифодаи бонкҳо аз маълумотҳои он, пешгирии хавф ҳангоми додани қарзҳо, дастрасӣ ба қарзҳои хурд махсусан дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, рушди бозори коғазҳои қимматнок ва ташкили бозори такрории он, истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ, натиҷаи кори телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон, ба таври васеъ истифода бурдани тангаҳо дар муомилот, баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти кормандони бонкҳо, сатҳи пасти пешниҳоди ҳисоботҳо аз ҷониби баъзе аз ташкилотҳои қарзӣ ҷалб намуд.
    Роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ дар навбати худ барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти муассисаҳои бонкӣ дархосту пешниҳодоти худро дар мавриди ҳалли қарзҳои проблемадор, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, такмили қонунгузории бонкӣ, меъёри захираҳои ҳатмӣ, истифодаи таҷрибаи мобайл банкинг, паст кардани фоизи қарзҳо, ташкили Гуруҳи корӣ барои рушди низомӣ бонкӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон манзур доштанд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку