Сатҳи таваррум дар январ 0,4 фоизро ташкил намуд

Бойгонии ахбор
14.02.2014

Сатҳи таваррум дар январ 0,4 фоизро ташкил намуд

    Таваррум, ки яке аз нишондиҳандаи муҳими макроиқисодӣ ба шумор меравад, дар моҳи январи соли равон 0,4 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 банди фоизӣ паст мебошад.
    Дар давоми 12 моҳи охир бошад, нишондиҳандаи номбурда ба 3,6 фоиз баробар шуд.
    Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон 10 январи соли 2014 меъёри бозтамвил ба андозаи 0,7 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 4,8 фоизи солона муқаррар гардид.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку