17.02.2014
Қурби долл. ИМА паст шуд
Дар охири ҳафтаи гузашта, бинобар андешидани чораҳои иловагии Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ ва нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеъӣ - фуруши асъори нақди хориҷӣ, қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна то ба 4,9300-4,9500 сомонӣ паст шуд.
Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ бошад, бетағйир боқӣ монда, ба 0,1410-0,1420 сомонӣ ва бо евро каме баланд гардида, ба 6,7046-6,7234 сомонӣ баробар шуд.
Рӯзҳои шанбе-якшанбе қурби миёнаи долл. ИМА дар ин ҳудуд боқӣ монда, дар баъзе минтақаҳо то ба 4,9300-4,9450 сомонӣ поин рафт.
Хадамоти матбуоти
БМТ