20.02.2014
Гурӯҳи корӣ ҷаласаи навбатии худро доир намуд
Имрӯз, 20 феврали соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати васеи намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа муайян намудани тартиб ва муҳлатҳои татбиқи чораҳои зарурӣ барои ташкили бозори такрории коғазҳои қиматнок баррасӣ гардид.
Дар натиҷа муҳлат ва таклифҳои мушаххас барои иҷрои ин мақсад таҳия карда шуд.
Хадамоти матбуоти
БМТ