Қурби миёнаи долл. ИМА бетағйир боқӣ монд

Бойгонии ахбор
27.02.2014

Қурби миёнаи долл. ИМА бетағйир боқӣ монд

     Дар давоми ҳафтаи равон қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна ба 4,9590-4,9770 сомонӣ қарор дорад.
    Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ бошад, каме паст шуда ба 0,1380-0,1390 сомонӣ баробар ва қурби евро каме баланд гардида, 6,7460-6,7660 сомониро ташкил намуд.
    Имрӯз, 27 феврал қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ба 4,9620-4,9790 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 4,9700-4,9800 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 4,9600-4,9800 сомонӣ баробар аст.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку