Пеши роҳи хавфи эҳтимолӣ гирифта шуд

Бойгонии ахбор
03.03.2014

Пеши роҳи хавфи эҳтимолӣ гирифта шуд

Ҷавоб ба ахбори «Палата ва прокуратура фаъолияти Бонки миллиро месанҷанд?», ки дар сомонаи «Фараж» 28 феврали соли 2014 нашр шудааст.

    Қабл аз ҳама, бояд изҳор намоем, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» кормандони Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ аз оғози моҳи феврали соли равон барои омӯзиши фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар бонк қарор доранд ва то охири даҳаи дуюми моҳи март фаъолияти худро идома хоҳанд кард.
    Сониян, таъкид мекунем, ки дар ҳайати номбурда ба ғайр аз намояндагони Палатаи ҳисоб кормандони мақомоти дигар шомил нестанд.
    Дар мавриди қазияи ширкати «Ҳафт бурҷ» иттилоъ медиҳем, ки бо мақсади таъмини манфиатҳои аҳолӣ ва пешгирии хавфи эҳтимолӣ кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ ва мақомоти дигари мамлакат фаъолияти ширкати номбурдаро омӯхта, маводи заруриро ба мақомоти судӣ пешниҳод намуданд.
    Дар натиҷа хулосаи ҷамъбастӣ аз ҷониби мақомоти судӣ қабул гардид ва қарор дар бораи баста шудани ширкати зикршуда бароварда шуд.
    Метавон гуфт, ки дар ҳамкорӣ ва бо кушишу талоши якҷояи якчанд мақомот пеши роҳи хатаре, ки ба халалдор кардани манфиатҳои аҳолӣ равона шуда буд, гирифта шуд.

Хадамоти матбуоти
БМТ

Возврат к списку